32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки нахуст дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо иштироки пиру барнои деҳа ва фаъолони ҷамоат бинои нави муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 112 ба истифода дода шуд. Бинои нав аз 7 синфхона ва як утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони саховатпешаи деҳа ба маблағи беш аз 780 000 сомонӣ сохта шудааст. Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои сохтмон 80 000 дона хишт кумак намуда, бо ташаббуси шуъбаи маорифи шаҳр, дастгирии соҳибкорон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 ҷуфт мизу курсӣ дастрас гардид.
Хонандагони муассиса маълумоти асосӣ ва миёнаро дар муассисаҳои таҳсилотии рақамҳои 43 ва 47, ки дар масофаи беш аз 1,5-2,5 километр дур аз деҳаи Нуробод қарор доранд, мегиранд. Ба истифода додани мактаби нав имконияти аз муассисаи ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва ё миёнаи умумӣ табдил додани муассисаро фароҳам овардааст. Меҳмонон вориди синфхонаҳо шуда ба сифати кори сохтмончиён ва шароиту имконоти фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
Инчунин ҳайат аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, воқеъ дар маҳаллаи Белайдузи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор боздид намуда, бо натиҷаи корҳои таъмиру тармими асосии муассиса, ки бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорон ва хатмкардаҳои муассисаи мазкур амалӣ шудааст, шинос гардид. Дар муассиса 16 синфхона ва толори варзишӣ бо маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ пурра таъмир гардида, мизу курсиҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ иваз шудаанд. Ҳамчунин як синфхона барои технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо компютерҳо муҷҷаҳаз гардонида шудааст.


Дар муассиса 40 нафар устодони соҳибтахассус ба 786 нафар шогирдон дар ду баст дарс медиҳанд.
Маъмурияти муассиса аз саҳмгузорони асосӣ-раиси маҳалла Ҷалол Саидов, Фахриддин Ниёзов, Рустам Саидов, Баракатулло Камолов, Баҳриддин Солиҳов, Раззоқ Саидов, хонадони бародарон Аловиддиновҳо ва дигар саҳмгузорони ҳаммаҳаллаашон сипосгузор мебошанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Дурбат меҳмонон иншооти сохтаи соҳибкор Алишер Давлатовро, иборат аз чойхона, ду сардхона бо ғунҷоиши 450 тонна меваю сабзавот, мағозаи хӯрокворӣ ва қисмҳои эҳтиётии автомобил, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, таъмири нақлиёт ва шустушӯи автомобилҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре масъулони иншоот иттилоъ доданд, дар иншоот имконияти бо ҷойи кор таъмин гардидани то 40 нафар фароҳам омадааст.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор бинои баландошёнаи истиқоматии бисёҳуҷрагӣ, иборат аз 30 хонаи якҳуҷрагӣ, 54 хонаи дуҳуҷрагӣ ва боқимонда сеҳуҷрагию чорҳуҷрагиро ба истифода доданд. Иншоот тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1400 метри мураббаъ ба маблағи беш аз 8,9 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Субҳоншоҳ Маҳрамов бунёд гардида, барои бо манзил таъмин намудани 138 оилаи ниёзманд пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин бо иқдоми соҳибкор дар ҳавлии бино тӯйи суннатии 11 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолият дар шаҳр 78 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар раванди корҳои бунёдкорию ободонӣ дар якчанд деҳу маҳалла таъмиру таҷдид, мумфаршу сангфаршкунии роҳҳо, ивазкунии трансформатор ва симчӯбу ноқилҳо, чароғонкунии кӯчаҳо дар назар дошта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






