Байни ду муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 14, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Узбекистон  санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи баимзорасида ҳамкории дуҷониба дар самти табодули академии донишҷӯён, ташкили даврҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак ва ташкили конфронсу форумҳои муштарак ба роҳ монда шавад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи  байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шартномаи ҳамкориро дар Душанбе ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав Ғанишер Раҳимов ба имзо расониданд.

Дар мулоқоте, ки байни ду роҳбари муассисаи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид,   ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар дар самтҳои гуногуни фаъолияти муассисаҳои таълимӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Ҳайати Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Узбекистон инчунин бо пойгоҳи моддӣ-техникии омодасозии кадрҳо ва шароиту имконияти таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  шинос гардид. Ҳамзамон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав, профессор Ғанишер  Раҳимов дар назди  ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  маъруза намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав Ғанишер Раҳимов дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид