Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи ҳаштуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон- макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад.
Дар кори Шуро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ рӯз ба рӯз ба мамлакати мо бештар мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2023 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 181 ҳазору 876 нафар ва ё 40,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора 487 ҳазору 403 нафар тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ шудаанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 32 фоиз зиёд мебошад.


Иттилоъ дода шуд, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар амал татбиқ шуда истодааст.
Дар хотимаи ҷаласаи Шуро аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат барои бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди устувори бахши сайёҳӣ, иҷрои босифати «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои солҳои 2023-2026», омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон дар шароити баъдибуҳронӣ, хуусан рушди сайёҳии дохилӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






