Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 26, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ- Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 сентябр эълон гардидааст, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ташаккули институти парламентаризм яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дастоварди муҳими даврони истиқлол мебошад. Қабули Конститутсия яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Албатта, бояд ҳамаи мо хуб дарк намоем ва  ба наслҳои ояндаи миллат талошу заҳмат ва ҷонбозиву ҷоннисориҳои фарзанди сарсупурдаи содиқи Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ташкили чунин ҷаласаву ҳамоиш ва машваратҳо хотирнишон намуда, ба ин васила дар вуҷуди ҳар сокини ҷумҳурӣ ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро баланд бардорем.

Гуфта шуд, ки бо итминони комил ва ифтихори бузург аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат содиқонаву софдилона фаъолият менамоянд ва тавассути қабули қонунҳои пурсамар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конститутсияи Тоҷикистони навин тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон замина гузошта шуд, ки аз ибтидои соли 2000 то имрӯз фаъолияти самараноку муназзам дорад.

Ҳамин тавр, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 22 июни соли 2023 ба имзо расидааст, санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 26 сентябр «Рӯзи  Маҷлиси  Олӣ– Парламенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» эълон гардида, имрӯз нахустин таҷлили он мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд