Дар Хатлон оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ мулоқоти судманд доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохурӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин сол то сол мустаҳкамтар гардида, дар тӯли ин солҳо робитаи ин ду халқи бо ҳам дӯсту бародар дар самти тиҷорат, сайёҳӣ, иқтисодиёт ва содироту воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмон ва амсоли он аз ҳар ду ҷониб бештар гардидааст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.
Роҳбарияти вилоят иброз дошт, ки Хатлон яке аз калонтарин вилояти аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъминкунандаи 70 фоизи истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ мебошад. Таъкид шуд, ки дар вилояти Хатлон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум сол то сол баланд гашта истодааст. Дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам захираву имконияти истифоданашуда зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки обу хоки минтақаи Хатлон ҳосилхез буда, тамоми истеҳсол ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷоту сабзавот табиӣ ва аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар мебошад.
Мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ аз истиқбол ва меҳмоннавозии гарму самимии роҳбарияти вилоят изҳори минатдорӣ намуда, иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамагӣ дар зарфи се даҳсолаи охир ба натиҷаҳои баланди тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, шарики боэътимоди Чин маҳсуб мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






