ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсиси он ҳамчун давлати ташаббускор узви фаъоли ин созмон мебошад
ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 30 сол пур мешавад. 14-15 сентябри соли 2023 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ҳоло давраи роҳбарии Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошанд. Вобаста ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, сохтори ташкилӣ, заминаҳои ҳуқуқии фонди мазкур АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ ва котиботи Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Фирӯза Насирова суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Оид ба сохтори Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои хонандагони АМИТ «Ховар» маълумоти муфассал пешниҳод менамудед.
Фирӯза Насирова: Фонди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро дар асоси қарору супоришҳои мақомоти олӣ — Шурои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал пеш мебарад ва аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) идора мешавад. Президенти Фонди мазкур ҳар се сол бо иваз гардидани раисӣ дар фонд иваз мегардад ва Президенти давлати раисикунанда Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъйин мегардад. Моҳи феврали соли 1997 бо қарори Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нақшаи асосии идоракунии Фонди байналмилалии наҷоти Арал қабул гардид, ки тибқи он Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Раёсати Фонд, Кумитаи иҷроия, Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ, Комиссияи байнидавлатии рушди устувор ва Комиссияи тафтишотӣ иборат аст.
Бо мурури замон ва бинобар талаботи кишварҳои аъзои Фонд зарурати такмили сохтор ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба миён омад. Аз ҷумла, зарур дониста шуд, ки Фонд ба ташкилоте табдил дода шавад, ки бо дарназардошти созишномаҳои мавҷуда, воқеияти нав ва талаботи давлатҳои муассис барои вокуниш нишон додан ба чолишҳои нав, ҳалли мушкилоти таҳдидкунандаи экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ қодир бошад.
28 апрели соли 2009 дар нишасти сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон давлатҳои аъзои фонд бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он ва ҳамкории фаъолтар бо институтҳои молиявӣ ва донорҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал барои такмили минбаъдаи сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқии фонд изҳори омодагӣ намуданд. Масъалаи мазкур ҳамчунин дар нишасти Сарони давлатҳои муассиси фонд, ки 24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои амалӣ намудани ин ташаббус дар асоси қарори Шурои Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз 30 январи соли 2018 дар назди Кумитаи иҷроияи Фонд Гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии фонд аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзо таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин Гурӯҳи кории минтақавӣ омода намудани пешниҳодот оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва созишномаҳои мавҷудаи минтақавӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об мебошад.
АМИТ «Ховар»: Мукаммалсозии Фонди байналмилалии наҷоти Арал чӣ гуна амалӣ гардида истода, кадом самтҳоро дар бар мегирад?
Фирӯза Насирова: Гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро аз соли 2018 оғоз намуда, ҷаласаи аввали он 16-17 майи соли 2018 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид. Аллакай дар ҷаласаи дуюм -31 июли соли 2019 дар Ашқободи Туркманистон аъзои Гурӯҳи корӣ 5 марҳалаи мукаммалсозии фондро мувофиқа намуданд, ки самтҳои зерини фаъолиятро дар бар мегиранд:
- Муайян кардани вазифаҳои ФБНА бо дарназардошти созишномаҳои мавҷуда, воқеияти нав ва талаботи давлатҳои муассис.
- Муайян намудани мушкилот дар раванди иҷрои вазифа ва супоришҳо аз ҷониби мақомоти сохтории ФБНА.
- Таҳияи тавсияҳо оид ба такмили сохтори ташкилии ФБНА.
- Таҳияи намудани тавсияҳо оид ба беҳтар намудани таъминоти молиявии фаъолияти сохтори ташкилии ФБНА.
- Таҳияи пешниҳодот оид ба такмили заминаи ҳуқуқӣ бо мақсади фароҳам овардани механизми муассир ва устувори институтсионалии ҳамкорӣ.
29 ноябри соли 2019 бо қарори Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардида, мутаносибан раисӣ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Ҷониби Қирғизистон ҳангоми имзои ин қарор ба ҳамаи Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал муроҷиат намуд, ки «Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори умедвории хоса мекунад, ки таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои ҷониби Қирғизистон оид ба ислоҳоти ФБНА бо дарназардошти манфиатҳо ва ниёзҳои тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ фаъолона пешбарӣ мешавад. Ҷумҳурии Қирғизистон бори дигар омодагии худро барои анҷом додани корҳои муштарак оид ба мукаммалсозии амиқи ФБНА тасдиқ менамояд».
Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 оғоз намуда, тасмим гирифт, ки пайвастагии кори Кумитаи иҷроияи қаблии Фондро таъмин намояд. Дар ин асос инчунин бо дарназардошти дархости ҷониби Қирғизистон, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 2021 фаъолияти Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии фондро оғоз намуда, ҷадвали кори онро барои соли 2021-2022 омода намуд.
Ҷумҳурии Қирғизистон иштироки худро дар фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз соли 2016 «маҳдуд кардааст» ва мумкин аст барои баргардонидани расмии он ба платформаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал вақти иловагӣ зарур шавад.
Аввалин ҷаласаи Гурӯҳи корӣ дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи 4-уми Гурӯҳи корӣ аз ибтидои таъсиси Гурӯҳи корӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он ҷониби Қирғизистон ба сифати нозир иштирок намуд. То имрӯз ҳамагӣ 11 ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардидааст. Дар ин нишастҳо нигоҳи мушовирони байналмилалӣ ва намояндагони давлатҳои минтақа доир ба сохтори таҷдидшудаи фонд, институтсионализатсияи намояндагиҳои миллӣ, шумораи комиссияҳо дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал, таъсиси ниҳоди ягонаи Маркази илмӣ-иттилоотӣ, номи нави Фонди байналмилалии наҷоти Арал (Ташкилоти кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал), маблағгузории Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар воҳидҳои сохтории фонд пешниҳод ва баррасӣ гардидаанд.
Дар айни замон корҳо оид ба мукаммалсозии Фонди байналмилалии наҷоти Арал аллакай оғоз гардидаанд ва дигар давлатҳои муассиси фонд дар ин самт корҳои муайянро анҷом дода истодаанд. Бинобар ин ва бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳояшон намояндагони ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаҳои Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал мунтазам даъват мешаванд ва аз натиҷаи он огоҳ мегарданд.
АМИТ «Ховар»: Дар айни замон дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал чӣ корҳо анҷом дода шуданд, ҷаласаҳои Гурӯҳи мазкур аз ҷониби кӣ ташкил ва баргузор мешаванд?
Фируза Насирова: Мавриди тазаккур аст, ки раванди мукаммалсозии сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал мураккаб буда, вақт, меҳнат, омодагӣ ва созиш талаб менамояд. Ин раванд соли 2018 дар давраи раисии Туркманистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал оғоз гардида, солҳои 2021-2023 дар давраи раисии Тоҷикистон идома дорад ва эҳтимол соли 2024 дар давраи раёсати Қазоқистон дар амал татбиқ шавад.
Аммо бо боварии комил метавон гуфт, ки дар доираи ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ, махсусан дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал 8 ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонд баргузор шудааст.
Мебояд иброз намуд, ки ин ҷаласаҳо барои ба мувофиқа расидани як масъала бо дарназардошти манфиатҳои ҳама давлатҳои муассис баррасӣ ва ҳамоҳангсозии моҳирона, ҳамаҷониба ва дипломатӣ талаб менамояд.
Дар ҷаласаи 11-уми Гурӯҳи корӣ, ки 8-9 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷонибҳо тафсири нави сохтори институтсионалии ояндаро, ки аз Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об, Комиссияи байнидавлатии рушди устувор ва Ҷаласаи вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар сохтори Фонди байналмилалии наҷоти Арал марказҳои илмӣ-иттилоотӣ, Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об ва Комиссияи байнидавлатии рушди устувор бетағйир мемонанд.
Масъалаи дигари муҳим- ин дар қаламрави яке аз кишварҳои минтақа ба таври доимӣ ҷойгир намудани Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад, ки аз ҷониби аксари кишварҳо дастгирӣ ёфтааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон пешниҳод намуданд, ки Кумитаи иҷроияи Фондро дар қаламрави давлати худ ҷойгир намоянд. Аммо ҷониби Туркманистон то ҳол мавқеи худро дар ин бора муайян накардааст.
То ҳол ҷонибҳо дар мавриди тағйир додани номи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба як фикри муштарак омада наметавонанд. Дар ҷаласаи 9-уми Гурӯҳи корӣ ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки номи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба «Ташкилоти кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал» (OSBAM) тағйир дода шавад. Аммо баҳсҳо то ҳол идома доранд, зеро баъзе аз ҷонибҳо нигоҳ доштани номи мавҷудаи «Фонди байналмилалии наҷоти Арал»-ро ба мақсад мувофиқ медонанд.
Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ҳамчун давлати ташаббускор узви фаъоли ин созмон мебошад. Солҳои 2002-2008 масъулияти раисии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шуда буд. Дар давраи раисии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал санадҳои зиёди дорои аҳамияти муҳим ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 октябри соли 2002 ба имзо расид.
Дар ҳамин даврони раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди мазкур Кумитаи иҷроияи Фонд бо Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Комиссияи СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, Институти байналмилалии идораи захираҳои об, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё созишномаҳо ба имзо расонида, соли 2008 аъзои Шурои ҷаҳонии об гардид. Дастоварди бузурги Тоҷикистон дар ин давра ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт (2005-2015)» мебошад, ки аз ҷониби Ассамблеяи кулли СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии комил ёфт.
АМИТ «Ховар»: Такмили сохтор ва заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқии фонд аз кадом ҷониб дастгирӣ мешавад ва ҳадаф аз такмили сохтор чист?
Фируза Насирова: Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти Гурӯҳи кориро оид ба такмили сохтор ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии фонд бо дастгирии машваратӣ ва молиявии Барномаи об ва энергетика барои Осиёи Марказӣ (CAWEP), ки дар асоси ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария ва Британияи Кабир амалӣ мешавад ва барои фароҳам овардани шароит барои беҳбуди амнияти обу энергетикӣ дар сатҳи минтақавӣ ва давлатҳои баҳрабардор нигаронида шудааст, пеш мебарад.
CAWEP ният дорад, ки минбаъд низ ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ мусоидат намояд.
Ҳадафи асосии анҷом додани раванди такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал- ин таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал дар самтҳои идоракунии об, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин рушди устувори давлатҳои ҳавза ва халқҳое, ки дар ҳавзаи баҳри Арал умр ба сар мебаранд, ба шумор меравад.
Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»