МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд

Сентябрь 25, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон бо мероси арзишманди моддиву маънавии худ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми беандоза бузург гузоштаанд. Дар шароити  раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ҳифз ва нигоҳ доштани ин мероси пурғановат ва ганҷинаи бебаҳо вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад.

Агар аз мероси маънавӣ аз қаъри асрҳо ба мо адабиёту фарҳанги бузург расида бошад, аз мероси моддӣ ниёгонамон шаҳру шаҳристонҳо, қалъаву манораҳо, гулгашту хиёбону боғҳо ба ёдгор гузоштаанд, ки қисми ҷудонашавандаи худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллии мо мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдгориҳои таърихӣ ҳамчун мероси пурарзиши ниёгон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи давлат таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд.

Маҳз идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки ин мероси моддиву фарҳангӣ на танҳо дар давлати соҳибистиқлоламон эҳё гардид, балки он дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуд.

Дастоварди навтарини мамлакати мо дар ин самт 17 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин ҷаласа нуҳ ёдгории  фарҳангии «Зарафшон-Қароқум»: Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Дар баробари ин ёдгориҳои таърихӣ зимни иҷлосияи мазкур 20 сентябри соли равон мавзеи нодири табиии мамлакат — «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки яке аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз объектҳои таърихӣ — Саразм соли 2010 ва аз объектҳои табиии Тоҷикистон — Боғи миллии Тоҷикистон (воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Мурғоб) соли 2013 ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном шуда буданд.

Дар айни замон кӯҳҳои Фон (қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон), мамнуъгоҳи Кусавлисай (ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд), мамнуъгоҳи Даштиҷум (ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон) ва мамнуъгоҳи Зоркӯл (ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) барои ворид намудан ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.

Ба «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», ки аввалин мамнуъгоҳи табиии мамлакат маҳсуб мешавад, маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Бешаи палангон»  ном гирифтани мамнуъгоҳ ба хотири яке аз нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ мебошад, ки бори охир мавҷудияти он дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумот нест.

Ин мамнуъгоҳ дар байни дарёҳои Вахшу Панҷ дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ аст. Ба мамнуъгоҳ экосистемаҳои васеи туғай, биёбони реги Қашқа-қум, қуллаи Буритау ва кӯҳҳои Хоҷа-Қозиён дохил мешаванд. Ҷангалҳои туғайи мамнуъгоҳ бузургтарин дар Осиёи Марказӣ буда, дар ҷаҳон ягона ҷое мебошад, ки дар он экосистемаи ҷангалҳои туғайи сафедорҳои осиёӣ дар ин ҳаҷм бетағйир боқӣ мондааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 32 соли Истиқлолияти давлатӣ ба зинаи нави инкишоф ва рушди худ расид. Дар самти баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи  соҳибистиқлолии мамлакат иқдоми наҷиб доир шуданд. Пешвои миллат тайи се даҳсола аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи табиат, алахусус пиряху об, ки дар ҳақиқат сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст, суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеа ҷаҳониро ба ин масоили глобалӣ равона намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва қарзи ахлоқии ҳар шаҳрванд аст.

Тавре Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем».

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.

Дар моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Дар бораи вазифаи ҳар шаҳрванд бобати ҳифзи табиат дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар шахс аст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиати Тоҷикистон гуфта шудаанд.

Вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиат- ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи ҳамкории ҷомеа бо мақсади нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва муҳити табиии маскунияти одам, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии захираҳои табиӣ, бартарафсозии таъсиррасонии аз нигоҳи экологӣ хавфноки фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, беҳдошти сифати муҳити зист, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар самтҳои номбаршудаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯзу фардои одамон мебошад.

Ҳифзи табиат — ҳифзи Ватан  аст. Мавҷуд будани чунин имконият дар беҳтар намудани гуногунии биологӣ ва ба ин васила бештар намудани навъҳои ҳайвоноти нодир аҳаммияти калон дорад. Дар шароит ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалияти бештар дошта, ба афзоиш ёфтани саршумори ҳайвоноти нодир мусоидат менамояд, ки ин аз ҳадафҳои ояндадори ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Пас зарур аст, ки имрӯз уҳдадориҳое, ки қонунгузории Тоҷикистон барои нигоҳдории мероси фарҳангӣ муайян намудааст, сари вақт иҷро шаванд, зеро ин ёдгориҳои таърихӣ на танҳо барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамоянд, балки метавонанд воситаи ҷалби бештари меҳмонони дохилу хориҷӣ гарданд, то соҳаи сайёҳии мамлакат бештару беҳтар равнақ ёбад.

Бунёду навсозии роҳҳо ба теъдоди зиёди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ имконият медиҳад, ки ба ин гуна мавзеъҳо сафар намуда, бо ин объектҳои таърихӣ аз наздик шинос шаванд. Рафтуомади мардум ва шиносоии онҳо бо таърихи ниёгони хеш барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдату ягонагӣ омили судманд аст.

Шуҳрат АЗИЗЗОДА,
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 25, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд