МУКОФОТ МУБОРАК! Кормандони АМИТ «Ховар» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд

Сентябрь 7, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 32-   солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати  пурсамар  ва саҳми арзанда дар рушди иттилоот бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — Пайрав  Назарзода бо медали «Хизмати шоиста» ва Парвиз Файзуллозода бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ба ин муносибат дар Агентӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Зимни он Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода  ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, аз муваффақияте, ки ҷумҳуриамон дар тӯли 32 соли соҳибихтиёрӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, ёдовар шуд ва онҳоро дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик беназир арзёбӣ намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба кормандони Агентӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.


Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони воситаҳои ахбори омма нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони васоити ахбори оммаи мамлакат  мебошад. «Дар ҳақиқат, саҳми ВАО дар мукаммалгардонии   фазои иттилоотии мамлакат ва таъмини амнияти иттилоотӣ назаррас аст», изҳор намуданд  Эмомалӣ Насриддинзода.


Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд. 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, инчунин роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии мамлакат, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.

Мавриди тазаккур аст, ки 30 август аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода  низ медали «Хизмати шоиста» супорида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид