«ОМӮЗГОРИ СОҲИБКАСБ — МИЛЛАТИ БОСАВОД». Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Омӯзгори соҳибкасб — миллати босавод» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф идома дорад, ки дар он намояндагони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки намояндагони маорифи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои табодули таҷриба, истифодаи усулҳои муосири таълим, коркарди усулҳои самарабахши омӯзиш ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа, таваҷҷуҳ ба касби омӯзгорӣ ва чанде дигар мавриди омӯзишу баррасии иштирокчиён қарор дода мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки давоми солҳои охир низоми маорифи миллӣ ташаккул ёфта, тайи беш аз се даҳсола дар раванди рушди ҳамаҷониба ва босуботи ҷомеа нақши арзишманд мебозад. Натиҷаи талошҳое аст, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Гуфта шуд, ки соли равон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ қариб 5000 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардидаанд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд
Соли 2026 ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон 19,8 миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Маркази миллии тестӣ: аз 11 то 13 август озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд






