Пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки 14 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 24.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим гирифтаанд, ки 14 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ заркорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ғунучини пахта саҳм гузошта, ба кишоварзону чинакчиён барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани пахта тавсияҳо дод. Тазаккур дода шуд, ки барои қадршиносии меҳнати пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар ноҳияе, ки дар бистрӯзаи аввали пахтачинӣ пешсафӣ нишон диҳад, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.
Раиси вилоят ба як зумра чинакчиён туҳфаҳо тақдим намуда, меҳнати пурсамарашонро зимни ғунучини ҳосил тавсиф намуд. Зеро дар ноҳия чинакчиёне ҳастанд, ки дар як рӯз то 240 кг пахта мечинанд ва музди хуби корӣ ба даст меоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






