ПАЙКАРИ ФАРРУХУ ФАРХУНДАИ ИСТИҚЛОЛЕМ. Се шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло тақдим ба ин ҷашни бузурги миллӣ
ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ашъори ватандӯстонаи шоирони тоҷик по ба пои пирӯзиҳои замони соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷикро ба ватандӯстӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ, шинохти таърихи худ, дарки масъулияти ватандорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, бедор ва подор доштани масъудияти ватандорӣ раҳнамо мебошанд.
Дар аксари мавридҳо ин ашъор ба ҷавонони мо неру ва тавони руҳи ватандӯстона бахшида, эҳсоси баланди худшиносӣ ва ватандориро дар вуҷуди онҳо парвариш намуда, пойдор мегардонад.Инак, ба муносибати ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ се шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло тақдими хонандагон мегардад.
МАН ХАТИ МАРЗИ АМОНИИ ТУЯМ!
Тоҷикистон! Сарҳади ту мекунад аз ман убур!
Аз дил, аз ҷонам ба дури дури дур.
Ман худам ин сарҳадам, ҳадди амонии туям!
Хатти марзи бекаронии туям!
Ҳадди ҳадди охирини ормонии туям,
Дар харита марзи ту ин қадр маҳдуд аст
Дар мани ту беҳисобу беҳудуд аст,
Ҳеҷ кишвар ончуноне, ки ту ҳастӣ дар дили ман
Паҳновар нест,
Ҳеҷ мулки дигаре дар арзу тӯлаш
пеши ман бо ту баробар нест.
Олам- олам дар ту гунҷида шаҳоматҳои ин дунё,
Олам –олам соҳати вақту фазо…
“Маснавӣ”-ву “Хамса”-ву “Шаҳнома”-ҳое,
Сарҳадатро бурда то авҷи фалакҳо.
Мекунад Симурғи бемарги ту парвоз
Дар фалакҳо, бо малакҳо.
Сарҳади ту мерасад то гунбади мино
Бо фурӯғи номи Сино
Тоҷикистон!
Сад ҷаҳони дигаре дорад ҷаҳони ту,
Осмонҳои фарохи дигаре дорад
Осмони ту,
Офтобу моҳу ахтарҳои бисёре,
Дар фарози шаҳрҳоят
Каҳкашонҳои пуранворе …
Мулки андарзу футувват, сарзамини дӯстдорӣ.
Мулки некӣ, мулки ҳиммат, хоки ёрӣ…
Водии фазлу фазилат,
Водии ишқу муҳаббат…
Хоки виҷдон,
Меҳани имон…
Ин туӣ сарчашмаи оби зулол,
Не фақат бо тармаҳову чашмаҳову рӯдборонат,
Чашмаҳову рӯдҳое ҳаст аз меҳри фузун андар равонат.
Обшори хайрхоҳӣ,
Чашмаи поки футувват,
Рӯдбори меҳри покӣ
Ҷӯйборони муҳаббат
Аз дили ту то ҳама дилҳо
Мебарад пайки сафову накҳати нусрат..
Тоҷикистон!
Эй ту қақнуси раҳида з-оташи сӯзони таърих,
Инчунин поку мунаввар мон,
Дар дилу дар ҷони таърих.
Ман расолат дорам аз тақдир
Чун саломи ту, каломи ту, паёми ту,
Нестам чизе агар,
Як ҳуҷҷати ихлосу имонам ба номи ту!
Сарҳади ту мекунад аз мағзи ҷони ман убур
Ман хати марзи амонии туям
Бо ҳамин як ҷавшани дил,
Бо ҳамин ҷисми сипар,
Бо ҷони сангину сабур….
МИЛЛАТИ ПОКИВУ НЕКӢ-МИЛЛАТИ БЕМАРГ!
Миллати тоҷик,
Миллати ғоратшуда дар тӯли таърихи гарон,
Ҳарчи бо худ дошт доду доду дод,
аммо надод
Асли худро.
Ҳаст оё як чунин халқе, ки ҷӯяд
Аз замину осмонҳо,
Аз адам, аз нестиҳо васли худро!?
Миллати эъҷози таърих!
Бо Ҳумое, ки набуда
мезад ӯ ҷавлон ба гардунҳо,
Болу пар бикшода бо Симурғи дар андешаҳояш офарида
Дар фарзи каҳкашонҳо,
Муждаҳо мебурд сӯи осмонҳо,
Сӯхта дар худ чу Қақнусе, ки рамзи ҳастии ӯст,
Мешуд эҳё аз равонҳо…
Миллате, ки сар ба кайҳон дошт,
аммо аҷнабиёни ҷаҳолаткеш
Дасту пояш баста буданд,
Қомати шамшодворашро
Борҳо бишкаста буданд.
Болу пар бикшод аз дониш,
Болу пар бикшод з-эъҷози сухан
То Ватанро бар алайҳи теғу шамшер
Бо фазилат, бо муҳаббат, хайру некӣ
Аз балоҳо дорад эман.
Инак, он як пора дил аз ҷисму ҷони Ориёнои бузург,
Аз сиришти бегазандаш ҷон гирифт,
Инак,он як пора дил аз меҳр оламтоб гашт,
Инак, он як пора дил хуршед шуд, маҳтоб гашт
Инак, он як пора дил бо номи тоҷик
Тоҷикистон шуд,
Охирин уммеди тоҷикони олам,
Сарзамини ору армон шуд.
Хоки захминаш, ки хоки родмардон буд,
Боз аз фазлу футувват ҷон гирифт,
Халқи некоину заҳматдидааш эҳёи нав ёфт,
Боз оламро ба ишқу меҳру бо эҳсон гирифт.
Миллати шоир,
Миллати фозил,
Миллати дар рӯи каф як пора дил.
Он қадар дар бандҳои аҷзу кина,
Он қадар дар кунҷи девори хусумат,
Он қадар дар чоҳи ғафлат, сарзамини ҳирс,
Зист бо хориву зиллат.
Дасту пояш баста буду хаста буд,
Лек ирода, эътимодаш, бовараш нашкаста буд.
Миллате, к-озодамардони бузургаш
Бо ҳунар карданд тасхири ҷаҳон,
Миллате, ки фатҳи дунё кард бо фарҳангу ишқ,
Бо фари нобиғагон.
Боз собит шуд, ки ин миллат,
Миллати ишқ аст, миллати шеъру китоб аст,
Миллати равшангароист,
Миллати адл асту одоб аст.
Миллати некӯхисоле
бо сиришти хайрхоҳона,
Миллати шеъру тарона…
… Инак, истиқлол ӯро болу пар бахшид,
Инак, озодӣ шукӯҳу тоҷи сар бахшид,
неруи дигар бахшид..
Инак, акнун боз з-амвоҷи қурун
Бо муҳаббат хест,
Бо Сада, бо Меҳргон, бо пайкари Наврӯзи гулафшон,
Бо фари тирукамони Тиргон
Ин ҷаҳонро кард тасхир
Не ба тӯпу не ба тир,
Бо суруду бо наво бо меҳри оламгир.
Бо табъи равон.
Лек метарсам зи чархи беамон,
Ал ҳазар аз наҳси шайтон,
Ал ҳазар аз турктозиҳои даврон,
Аз ҳасудон, ноҷавонмардон,
Аз таассуб, аз ҷаҳолат
Аз даҳони аждаҳои ҳирси оламхор,
Аз шари охирзамон!
Ал-амон!
Ал-амон!
Эй Худои адлу инсофу муҳаббат!
То ту ҳастӣ зиндагӣ зиндаст,
То ту ҳастӣ зинда хоҳад буду хоҳад монд,
Бо фари озодагону бо сиришти родмардон
Бо навову бо суруду шеър,
бо ин сарзамини гул ба домон,
Бо сиришти хайрхоҳӣ, бо фари некон
Миллати покиву некӣ
Кишвари инсофу виҷдон!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
СУХАН АЗ ИСТИҚЛОЛ
Сухан аз истиқлол – сухан аз бедорист!
Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст,
Ҳама борон шуда бар хушкии он рехтан аст!
Сухан аз истиқлол – сухан аз озодист!
Ҳама ҷо даст ба даст,
Ҳама ҷо китф ба китф
Дарраҳи аҳду вафо хестан аст,
Аз фиребу тамаъу макру риё хестан аст!
Чунки як-як ҳама мо
Пайкари фарруху фархундаи Истиқлолем,
Худи мо бо ҳама тан
Парчами пирӯзӣ,
Парчами иқболем.
Сухан аз истиқлол, на шиор аст, шиори холӣ,
Ин шиорест, ки ҳар як ҳарфаш
Ҳаст аъмоли накӯву олӣ.
Ин шиоре
На зи лофу зи газофу на зи ҳангомаву шӯр аст,
Ин шиорест, ки ҳар ҳарфи каломаш моем.
Ва дар он ҳар нафаре бар дӯшаш
Бори тақдири Ватан чун мӯр аст.
Сухан аз истиқлол – сухан аз виҷдон аст!
На! Сухан нест, бидон!
Пораҳое зи дил асту ҷигар асту ҷон аст!
Сухан аз истиқлол – сухан аз сохтан аст!
Чу сутунҳо ба бинои меҳан
Қомат афрохтан аст!
Қасрҳое, ки ба худ сохтаем бод обод!
Лек бояст кунун
Худамон қасри шуҷоат ва муҳаббат
ва садоқат бошем,
Худамон қасри ҳунар, пайкари ҳиммат бошем.
Нақбҳоро на фақат аз танаи кӯҳи азим,
Балки аз синаи худ низ расонем ба нур.
Роҳҳоро на фақат аз камари кӯҳи диёр,
Балки аз қалб барорему расонем ба дур,
То куҷо мебарад ин роҳ, ки вораста
зи чоҳи таърих,
Нест гар дар ману ту шӯълаи виҷдони Ватан?!
То куҷо мебарад ин роҳ, агар ки набарад
То сари қуллаи армони Ватан?!
Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист!
АКС аз манбаъҳои боз