Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, ки ҷиҳати иштирок дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва фарҳангию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо дар мулоқот ба нақши музокироту вохӯриҳо ва сафарҳои расмию кории сатҳи баланди олӣ дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси дӯстию ҳампаймонии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев пайваста амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд доданд.
Мусоҳибон ҷиҳати фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳори омодагию ҳавасмандии зиёд намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






