СИПОС БА ТУ ОМӮЗГОР! Дар Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни муаллимон ташаббус нишон дода шуд

Сентябрь 2, 2023 09:41

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва боло бурдани қадру манзалати омӯзгор дар доираи ташаббуси вилоятӣ таҳти унвони «Сипос ба ту омӯзгор!» якчанд омӯзгори собиқадор ва бознишастаро хабар гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин ташаббус дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин тариқи хона ба хона баргузор шуда, дар он устодони собиқадор, ботаҷриба ва пешқадам бо номаи сипос, гулҳои тару тоза ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шуданд.

Иброз гардид, ки воқеан ҳам муаллим чароғи роҳнамо ва ҳидоятгари башарият дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Маҳз дониши баланд, масъулияти хосса ва маърифатнокии омӯзгорон аст, ки ҷомеа ба сӯи пешрафт кӯшиш менамояд. Аз ин рӯ қадру манзалати омӯзгор дар назди ҷомеа баланд аст. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат ва нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф нақши омӯзгорро бориз медонанд ва чунин таъкид намудаанд: «Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад».

Баланд бардоштани обрӯ ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро омӯзгорон тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Иқдоми мазкур дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи баланд доир шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 2, 2023 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд