Абдухалил Ғафурзода: «Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамзистии кулли башарият аст»

Сентябрь 22, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арсаи ҷаҳон пешомадони бузурги сиёсӣ сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сулҳу ҳамгироӣ маншаъ мегирад, эътироф менамоянд ва дар ҳалли қазияҳои ихтилофбарангез онро мояи асосӣ медонанд.  Пешвои миллат дар сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи худ сулҳу иттиҳод ва ҳамбастагиро дар ҷойи аввал гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ихтилофи байниҳамӣ маҳз дар асоси принсипи мазкур ба эътидол оварданд ва ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамун сохтанд.Чунин иброз дошт Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  Абдухалил ҒАФУРЗОДА дар  мақолааш, ки дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк ба АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер мақолаи мазкур пурра оварда мешавад:

-Маҳз Мактаби бузурги сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи воқеии ташаккулу рушд ва ба давлати озоду обод табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гардид.

Суханронии Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори дигар аз сиёсати сулҳофарона  ва башардӯстонаи Пешвои тоҷикон дарак дод. Зимни ин суханронӣ Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати инсондӯстонаи Тоҷикистон аз минбари бузурги Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас намуданд, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки ин мавқеъро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллати худ аз аввал ҷонибдорӣ намуда, бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои хатарзо муборизаи пайваста мебарад.

Дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ Пешвои миллат аз пайомадҳои ногувори солҳои охир дар самти тағйирёбии обу иқлим ёдовар шуда, ҷомеаи башариро баҳри пешгирии ин мушкилот ба ҳамкории якҷоя даъват намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон  аз таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки “соли равон мо шоҳиди ҳарорати баландтарини ҳаво дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидем. Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ бо номи “Вазъи иқлим”, гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд”. Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки барои мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.

Дигар ҷанбаи бисёр муҳим ва саривақтии суханронии Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дархӯри ҳаёти осоишта ва рӯзгори осудаи кулли башарият аст, ин ба ҳамбастагию ҳамгироии минтақавӣ ва иттифоқ даъват намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чун дар айни замон ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, он ба давлатҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон мусоидат намоянд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. Роҳбари  давлат таҷрибаи ҳамбастагию ҳамгироиро дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мисол оварда, иброз намуданд, ки “дар натиҷаи тадбирҳои муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ фазои мусоид фароҳам омадааст”.

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар ин суханронии бисёрҷанба ва пурмуҳтавои худ бори дигар аз вазъи ногувор ва хатарзои Афғонистон ёдовар шуда, амнияту субот ва ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ аз оромӣ ва сулҳу субот дар ин мамлакат вобаста донистанд. Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, ки “Тоҷикистон барои истифодаи имконияти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намоям, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд. Дар ин росто, мо омодаи ҳамкории минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем. Мо ҳамоно ба роҳ мондани муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем”.

Ин нукта бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Сарвари сулҳофари тоҷикон дар меҳвари сиёсати созандаи худ вобаста ба вазъи на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон низ тадбир андешида, баҳри таҳкими сулҳу суботи доимӣ ва зиндагии осудаву шоистаи дигар халқу миллатҳо тадбиру чораҳои созандаву судмандро амалӣ менамоянд.

Пешвои миллат дар дипломатияи воломазмуни фарҳангии хеш урфу одат, эътиқодҳои гуногун ва арзишҳои ҳама динҳоро сазовори эҳтиром дониста, онҳоро пайвандгари ҳамдигар медонанд ва ҳамбастагии онҳоро асоси зисти осоишта меҳисобанд. Дар ин робита Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҳошияи ин чорабинии сатҳи баланд таъкид доштанд, ки “зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ, бо дарки пайомадҳои манфии онҳо ғайри қобили қабул мебошад. Амалҳои гуфташуда, инчунин тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд. Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад”. Ҳамин сиёсати инсонгароёнаи Пешвои муаззами миллати мо сабаб шудааст, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони азиз мо ҳама гуна муқаддасоти эътиқодии мардум дар дараҷаи олии эҳтирому эътироф қарор доранд.

Ба андешаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон, таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум чун амалҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешавад: “Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд»,-иброз намуданд Пешвои миллат дар суханронии хеш.

Хулоса, ин суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал аз Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ, иттифоқ ва ҳамзистии кулли башарият мебошад. Сарвари давлат бо ин суханронии хеш бори дигар собит сохтанд, ки ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ барои роҳбаладии миллати тоҷик ва ҷаҳониён ҳамеша андеша ва амалҳои созандаву дурбинонаро амалӣ месозанд. Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонӣ ҳамзамон нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб бениҳоят бузург мебошад. Гузашта аз ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, ташаккули ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва низоми баробарӣ дар муносибатҳои дипломатӣ саҳми шоён доранд.

Имрӯз замоне расидааст, ки тамоми ниҳодҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ таъкидҳои Пешвои тоҷиконро чун шиор сармашқи кори худ қарор дода, баҳри оромии ҷаҳон, сулҳи башарӣ ва рушди тамоми кишварҳо мавриди истифода қарор диҳанд.

Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илм
ҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд