ҶУДО. Темур Раҳимов барои медали тиллои Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 рақобат менамояд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар финал нимаи дуюми имрӯз Темур Раҳимов бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар даври чорякниҳоӣ варзишгари тоҷик паҳлавони Чин Ли Руйхуанро шикаст дода буд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш сабқат доранд.
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3-ҳуҷрадор, медали нуқра- 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1- ҳуҷрадор тақдим мегардад.
АКС: телевизиони «Варзиш»








Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид






