Дар Душанбе дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Син Хон Чхол мулоқот намуд.