«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ВА «ИЛМ- ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Панҷакент 147 нафар ғолибони озмунҳо қадршиносӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент 147 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» қадршиносӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳамзамон ба 57 нафар омӯзгорони онҳо диплому сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тақдим шуд. Гуфта шуд, ки мукофоти пулии ғолибон тибқи тартиби муқарраршуда ба таври ғайринақдӣ пардохт мешавад.
Раиси шаҳр дар бораи моҳияту мақсади ба роҳ мондани ин озмунҳо, ки бо иқдом ва сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд, иштироки доираи васеи хонандагон, донишҷӯён, намояндагони дигар табақаҳо дар он сухан гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мутолиаи ҳарчи бештари китоб чун манбаи дониш, рӯ овардан ба илмҳои дақиқ, ихтироъкорию навоварӣ ва бештар фаро гирифтани хонандагону донишҷӯён ба ин озмунҳо ҷалб намуд.
Дар даври имсолаи шаҳрию вилоятии ин озмунҳо нисбат ба соли пешин шумораи бештари хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони дигар табақаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон анҷомбахши маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» буд.
Бояд гуфт, ки бо пешниҳод ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва соли 3-юм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегарданд.
Ин озмунҳо баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегарданд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд






