Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба истеҳсоли минбарҳои таълимӣ шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба истеҳсоли минбарҳои таълимӣ шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар айни ҳол 100 минбари таълимӣ омода гардида, бо дастури ректори донишгоҳ дар навбати аввал ба факултетҳо дастрас мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба беҳтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, тибқи он корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ пеш бурда мешаванд.
Парки технологии донишгоҳ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти чашмрас надошт, ҳоло ба таври назаррас амал менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






