Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд

Ноябрь 18, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки намояндагони масъули давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон ва Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода дар шакли маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб, полиграфия, ҷамъбасти Озмуни XX-уми  байналмилалии «Санъати китоб»  ва омодагӣ  ба баргузории  озмуни  XXI  байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маърӯза намуданд.

Иштирокдорони ҷаласаи машваратӣ дар бораи вазъияти нашри китоб ва паҳнкунии китоб дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа изҳори андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки  ҷаласаи 21-уми Озмуни санъати китоб бо иштироки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Ноябрь 18, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад