«Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи асосии барнома — васеъ намудани имконияти ташаккулёбии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои иштироки ташкилоти волонтёрӣ ва волонтёрон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин эътирофи фаъолияти волонтёрӣ аз ҷониби ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои барнома- ин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи инсон дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо, муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда, андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилоти волонтёрӣ мебошад.
АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе








Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад






