Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб масъалаҳои муҳими илми риёзӣ ва усулҳои таҳқиқи он баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) дар мавзуи «Масъалаҳои актуалии илми риёзӣ ва усулҳои таҳқиқи он» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.
Пеш аз оғози конфронс асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд.
Дар конференсия ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон гуфт, ки «ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконият истифода бурда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсил, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Ин аст, ки барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.


Дар конфронс дар мавзуъҳои «Баъзе масъалаҳои иттилоотонии раванди таълими математика», «Инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои инкишофдиҳанда», «Методи сабукгардонии меҳнати омӯзгорони фанни информатика дар раванди гузаронидани корҳои санҷишӣ оид ба ҷадвалҳои электронӣ» аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳҳои мамлакат маърузаҳо ироа гардиданд.
Кори конфронс дар се бахш: «Масъалаҳои мубрами риёзӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар инкишофи илми риёзӣ» ва «Таърих ва методикаи таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ» гузаронида шуд.
Маҷмуаи мақолаҳои илмии конфронс зиёда аз 55 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар бар мегирад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






