Дар Олмон имконияти васеи Тоҷикистон баҳри татбиқи ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ҳамоиши иқтисодӣ бахшида ба мавзуи ҳамкории энергетикӣ ва энергияи “сабз” бо иштироки доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвари иқомат, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш имконияти густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергияи “сабз” ва дурнамои тавсеаи онҳо баррасӣ гардид.
Ба меҳмонон имконияти васеи Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика муаррифӣ гардида, аҳамияти ҷалби сармояи мустақили хориҷӣ ва технологияи муосир дар густариши ҳамкории судманди дуҷониба дар ин соҳа таъкид гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон даъват ба амал овард, то ширкатҳои энергетикии Олмон барои дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодҳое, ки зимни мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби С5+1 29 сентябри соли 2023 дар Берлин ироа гардиданд, иштирок намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд






