Дар Парлумон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо дахлдор ва дигар мақомоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки дар замони муосир инсониятро бемориҳои зиёди сироятӣ ва табобатнашавандае таҳдид намуда, ҳамчун мушкилоти рӯз табибонро ба омӯзишу таҳқиқ ва пайдо намудани роҳи пешгирию муолиҷаи он водор сохтаанд. Бешак, яке аз ин бемориҳо ба фарбеҳии зиёд гирифтор шудани аҳолӣ мебошад. Ғизо чун омили аввалиндараҷаи таъмини саломатии инсон қабул гардидааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои дуруст заминаи муҳими саломатии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти бофтаҳои ҷисми инсон, аз ҷумла саломатию дарозумрӣ, фаъолияти меҳнатии инсон ва сатҳи рушди ояндаи ҷомеа аз ин омил вобастагӣ дорад. Истеъмоли маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ бо назардошти сифат ва бехатарии он шарти асосии ғизои солим мебошад. Ҳоло пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятнок ва муҳими соҳаи тандурустии аксари давлатҳои ҷаҳон гашта, фарбеҳӣ ба бемориҳои дорои аҳамияти тиббию иҷтимоӣ дохил мешавад.
Яке аз сабабҳои асосии вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ дар баробарӣ пурхӯрӣ камҳаракатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар чӣ қадар бештар аҳолӣ бо фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш фаро гирифта шавад, ҳамон қадар вазъи саломатии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаи мусоид фароҳам меояд.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолии мамлакат тамоюл ба афзоиш доранд.
Маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ нишон медиҳанд, ки тайи 10 соли охир тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба назар мерасад. Бо назардошти ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳадафи асосии стратегия то 20% кам намудани вазни бадан ва то 30% фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Мақсади дигари барнома барои дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои бо вазни зиёдатии бадан ва бемории фарбеҳӣ алоқаманд барои саломат нигоҳ доштани аҳолӣ, паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳал, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст.
Ин тадбир тамоми табақаҳои аҳолиро фаро гирифта, тавассути беҳтар намудани ҳолати ғизо ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ сатҳи инкишофи вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид
Робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкории гуногунсамта байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






