Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 501 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 501 (дар ҳамин давраи соли гузашта 480) ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин давра дар шаҳри Душанбе 45 (дар ҳамин давраи соли гузашта 36) ҳолат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 5 (9) ҳолат, вилояти Суғд- 150 (146) ҳолат, вилояти Хатлон- 166 (189) ҳолат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 135 (100) ҳолати ошкор намудани қонуншиканиҳо сабт шудааст.
Бояд гуфт, ки имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 8 июни соли 2007 қабул гардидааст, 16 сол сипарӣ шуд. Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Ба андешаи сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан ҳам қонуни демократӣ аст. «Агар матни онро бодиққат мутолиа намоед, ба хубӣ хоҳед дид, ки ибораҳои «ба таври ихтиёрӣ», «метавонад», «манъ намекунад», «ҳуқуқ дорад» вомехӯранд, ки гувоҳи дар доираи қонун озодона амал намудани соҳиби маърака мебошад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар баргузор намудани расму оинҳо озод аст ва метавонад маъракаҳои зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ барпо кунад ё накунад, яъне соҳибихтиёр аст»,-изҳор медорад коршинос.
Яъне, қонуни номбурда касеро барои барпо намудани маъракаҳои анъанавӣ маҷбур намесозад. Он дар гузаронидани маъракаҳо, расму оинҳо махсусият дорад. Барои мисол, зодрӯз (моддаи 8) ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила баргузор мешавад. Зери мафҳуми «оила» хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешавад. Оилаи хурд метавонад хешу табори наздикро даъват намояд. Ба қатори хешовандони наздик ба ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл, фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ва ё тағои онҳо низ дохил мешавад. Дар рӯзи таваллуди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик ба талаботи қонун муқобил нест.
Қабл аз қабули қонун ҷомеаи Тоҷикистон гирифтори «беморӣ»-и урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ буд
Коршиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оинҳо интишор шуд, ки он вақт қариб 80 фоизи сокинони мамлакат камбизоат буд. «Фарҳанги динии мардум дар дараҷаи паст қарор дошт ва онҳо урфу одатҳои хурофотиро ҳамчун урфу одатҳои динӣ қабул намуда, байни ҳам дар барпо намудани маъракаҳои серхароҷот мусобиқа менамуданд, ки ин ҳолат боиси афзудани сафи камбизоатҳо гардид. Маблағҳои зиёд сарфи маъракаҳои хурофотии сермасраф мегардид. Ҳамон вақт Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи Ислом торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст». Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон он солҳо ҳақиқатан гирифтори «беморӣ»-и урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ гардида буд ва ба таҳаввулоти фикриву иқтисодӣ, мафкуравию иҷтимоӣ ниёз дошт»,-баён дошт ӯ.
Бо гузашти 16 сол то ҳанӯз ҳам баъзе аз ҳамватанони мо ҳангоми оростани дастархони иду ҷашнҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам дунявӣ дуруст нест. Бояд таъкид намуд, ки мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, аммо бо вуҷуди ин дар рӯзи иду ҷашн набояд дар оростани дастархони пурдабдаба ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳем ва аслан дар ҳама иду ҷашнҳо ҳар яки мо бояд хони маънавӣ ороем ва гирди ин хон суҳбатҳои илмию адабӣ анҷом диҳем. Ба тақлидкорию маъракаороии серхарҷу бемаврид роҳ надиҳем, то буҷаи хонаводаро ба боди фано барем.
Ҳоло дар асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо дар масъалаи беинсофона пур намудани дастурхон бо анвои хӯрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, бояд бозандешӣ намоем. Бояд дарк намоем, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастархон ҷуз бефарҳангӣ ва аз роҳи исрофкорӣ ба буҷаи хонаводаи худ зиён овардан чизи дигаре нест.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯли 16 соли амали худ дар ҳаёти мардуми мамлакат таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллӣ ба вуҷуд овардааст. Ва набояд фаромӯш сохт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал намудан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам ба фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор намуд.
Чун зиндагии ободу осуда мехоҳем, пас, биёед исрофкор набошем!
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз