«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳфили дӯстдорони китоб доир шуд

Ноябрь 6, 2023 11:21

КӮЛОБ,  06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба китобу китобхонӣ дар мавзуи «Китобхона- кохи маърифат»  маҳфили  «Дӯстдорони китоб»  бо иштироки аъзои маҳфил баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар маҳфил иброз гардид, ки китобхона ҷои муқаддас буда, кас метавонад маҳз тавассути мутолиаи ганҷҳои бебаҳои он бисёр гиреҳу печидагиҳои зиндагиро кушояд. Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омаданд, ки ба рушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Аз замонҳои қадим мардуми тоҷик китобдору китобхон буд ва китобҳои пурмазмуну қиматбаҳоро новобаста ба асорати арабу муғулу турк аз душманон ҳифз намуда,  то рӯзгори имрӯзаи мо оварда расонид.

Мояи хурсандӣ аст, ки майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардид. Бо Амри Сарвари давлат аз 9 феврали соли 2019 инҷониб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» аст баргузор мешавад, ки аз манфиат холӣ нест. Ин гуна озмунҳо  роҳи шавқманд гардонидани ҷавонон ба китобу китобхонӣ мебошанд.

Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ- манбаи асосии илму дониш,  фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир ва воситаи таълиму тарбия мебошад.

Дар маҳфил донишҷӯён доир ба китобҳои мутолианамудаашон  маълумот доданд.

Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ба китобу китобхонӣ бештар рӯ  оранд, чунки китоб на танҳо манбаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон низ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд