Комиссияи Иттиҳоди Аврупо омодаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод бо Тоҷикистон аст

Ноябрь 28, 2023 17:18

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини Директори генералии масъули кишварҳои Осиёи Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Дора Коррейя вохӯрӣ намуда, тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, иқтисоди «сабз» байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ меҳисобад.  Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои номбурда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи «сабз», бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Хонум Дора Коррейя дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат муваффақ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки болозикри Тоҷикистон баён намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даҳаи якуми декабри соли равон ҳайати бонуфузи Иттиҳоди Аврупо бо мақсади баргузории гуфтушунидҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкории бисёрсамта ба Тоҷикистон сафар менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад