«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз озмун гузаронида шуд
ТОҶИКОБОД, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ноҳиявие, ки ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллат» доир гардид, ҷамъбаст шуд. Дар натиҷа аз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия шаш нафар ғолиб дониста шуда, дар ҳамоиши тантанавӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи гурӯҳҳои кории таблиғотӣ дар ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятию террористӣ ва дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ пайваста вохӯриҳои судманд гузаронида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?






