Конститутсияи Тоҷикистон чун бахтномаи миллат дар роҳи бунёди давлатдории навин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши таърихӣ дорад
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кашшофони асрори заминро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, самимона табрик гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геология хабар доданд.
Иброз гардид, ки Конститутсия муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин намуд. Он нахустин ҳуҷҷати сарнавиштсози соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён қабул гардид.
Воқеан, ин ҳуҷҷати барномавӣ дурнамои пешрафти давлати Тоҷикистонро муайян намуд. Бо қабули он дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян шуданд.
Моддаи 13 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки «замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи самараноки боигариҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт ҳамчун мақоми ваколатдор нақши калидӣ дошта, онро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат, аз ҷумла Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.
Дар ҳамоиш сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Нурляминзода дар мавзуи «Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон» маъруза намуд.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар баъзе мамолики ҷаҳон равандҳои номатлубе дида мешаванд, ки ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон алоқаманд мебошанд. Риоя нашудани қонуният аз ҷониби ин давлатҳо хатарҳои парокандагиву тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.
Хушбахтона, дар Конститутсияи мо арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардидааст, зеро маҳаки фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф мешавад.
Волоияти қонун – кафили зиндагии осоишта буда, риоя намудани Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андоз ва пардохтҳои муайянкардаи қонун вазифа ва уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд буда, талаб менамояд, ки иҷрои дахлдор ва бечунучарои он аз тарафи ҳар шахс таъмин шавад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиро гирем ва ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар замина гузорем.
АКС: Маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






