Намояндагони Тоҷикистон ва Канада масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд

Ноябрь 8, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо президенти «IBT Education & Technology Group» Ҷо Шоукур баргузор гардид, ки зимни он масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба дастовардҳо ибрози андеша намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти кумаки молиявию техникӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои занону духтарон, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, дастгирӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионии кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳор доштанд.

Ҷиҳати пешбурди кор байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «IBT Education & Technology Group»-и Ҷумҳурии Канада Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад