ҲАФТАИ МӮДИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе фасли 11-уми он оғоз шуд

Декабрь 12, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) фасли 11-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 13 декабр идома меёбад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон бо ибтикори Иттиҳодияи эҷодии «TZ»  дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмон дода шуда, дар он тарроҳон аз Тоҷикистон, Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо  мегузоранд.

Дар маҷмуъ дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 16 тарроҳ ва брендҳои машҳур иштирок доранд. Дар ҷараёни баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 7 тарроҳ аз Тоҷикистон иштирок ва коллексияи нави худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.

Баргузории Ҳафтаи мӯд таҷрибаи пешқадами соҳа дар бисёр давлатҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, соли шашум аст, ки  дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 12, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд