«БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲИ НАВОВАР ВА ПЕШРАФТАИ СОЛИ 2023». Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби ин ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи «Мактаби тиҷорати рақамии Лондон» («London School of Digital Business») Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, субот ва эътирофи дастовардҳо бо ҷоизаи «Беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023 (LREA 2023)» қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо дарсҳои видеоии фанҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намояд, зеро имрӯзҳо дастрас гардидани маводи таълимӣ барои ҳамагон новобаста аз сатҳи зиндагӣ муҳим мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар самти маориф ва илм барои баланд бардоштани савияи дониши насли наврас иқдоми муосир- рақамикунонии маориф, таҳсил ва тарбияро бо диди инноватсионӣ амалӣ созад.
Ин аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аввалин шуда, дар байни муассисаҳои ҷумҳурӣ дарсҳои видеоӣ пешкаш намуд. Бо ин роҳ мавзуъҳои илмӣ на фақат дастраси донишҷӯёну олимон, балки тамоми хоҳишмандону алоқамандон гардонида мешаванд.
Аз тарафи омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ имрӯз зиёда аз 1200 дарси видеоии илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра, ки фарогири зиёда аз 1000 фани гуногуни омӯзишшавандаи донишгоҳ мебошанд, пешкаши ҳамагон гардонида шудаанд.
Таҷрибаи рақамикунонии донишгоҳ буд, ки ба он аз тарафи муассисаҳои Узбекистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Британияи Кабир баҳои баланд дода шуд.
Имрӯзҳо аз тарафи ректори муассиса барои боз ҳам беҳтар ва босифат гузаронидани дарсҳои видеоӣ шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии саривақтӣ пешбинӣ шудааст. Ба он устодону олимоне, ки дарсҳои видеоии худро сари вақт ва бо баёни мавзуъҳои мубрам ба охир мерасонанд, ҳавасмандгардонӣ ба маблағи 1000 сомонӣ муайян шудааст. То имрӯз зиёда аз 32 муаллифи дарсҳои видеоӣ ҳавасманд гардидаанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






