Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид

Декабрь 5, 2023 14:36

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари академик Бобоҷон Ғафуров ва аз муҳити тарбиятгирифтаи Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфтанд, ки «Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид».

Пешвои миллат хусусан ба нақши модар дар муҳайё намудани муҳити созгор ва ба роҳ мондани тарбияи дуруст таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «ҷавҳари ашъори ин модари огоҳу донишманд аз ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ иборат буд. Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фаъолияти давлатӣ ва илмии академик Бобоҷон Гафуров иттилоъ дода, изҳор намуданд, ки ў аз корманди одии созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ намудааст.

Пешвои миллат ҳамчунин оид ба муҳтаво ва мундариҷаи нахустин мақолаҳои таҳлилию танқидии академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» маълумот дода, таъкид намуданд, ки “ мавзӯи асосии мақолаҳои академик аз масъалаҳои таърихӣ ва зиддияту муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна иборат ёфта буданд. Бобоҷон Ғафуров навиштани мақолаҳои таърихиву сиёсӣ, таҳлилӣ ва илмиву оммавиро ҳангоми иҷрои вазифаҳои масъулиятноки ҳизбиву давлатӣ низ пайваста идома додааст».

«Дар мақолаҳои худ Бобоҷон Ғафуров илова ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, такмили сатҳи дониши кормандони мақомоти давлативу ҳизбӣ ба таърихи бостонии халқи тоҷик, адабиёту фарҳанги пурғановати тоҷикон ва роҳҳои баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа эътибори ҷиддӣ медод»,- тазаккур доданд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2023 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»