Дар вилояти Суғд баъди таҷдид бинои филиали «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру таҷдид бинои филиали № 23-и Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.
Дар КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иншоот мутобиқ ба талаботу меъёрҳои замони имрӯз таъмиру навсозӣ гардида, корҳои таҷдид дар он дар муҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд иҷро гардиданд. Аз ин ба баъд хизматрасонии бонкӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.
Масоҳати бинои филиал бештар аз 3 ҳазор метри мурббаъ буда, дорои қариб 40 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
«Амонатбонк», ки яке аз бонкҳои низомсози мамлакат аст, дар вилояти Суғд нисбат ба дигар ташкилоти қарзию молиявӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси молиявӣ ноил гардидааст. Зиёд гардидани дорандагони кортҳои бонкӣ, пешниҳоди ҳарчи бештари қарзҳо, афзоиши пасандоз, интиқоли маблағ ва тақвияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ далели ин гуфтаҳо аст.
Ҳоло дар филиали №23-и «Амонатбонк» дар вилояти Суғд 60 мутахассис фаъолият дорад, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил ташкил медиҳанд.
АКС: «Амонатбонк»








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






