ДАЪВАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ВАҲДАТ: «Касе гуфта наметавонад, ки баъди як рӯз ё як соат вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна мешавад»

Декабрь 31, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар робита ба вазъияти пуршиддат ва тағйирёбандаи ҷаҳони муосир бисёр таъкидҳои муҳим садо доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба авзои  тағйирёбандаи ҷаҳони муосир таъкид намуданд, ки «вазъияти дунёи имрӯза ба дараҷае пуршиддат аст, ки роҳбари ягон давлат наметавонад бигӯяд, ки баъди як рӯз ё як соат вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна мешавад. Аз ин рӯ ҳолати имрӯза аз мо зиракии баланди сиёсӣ ва ҳушёрӣ талаб менамояд».

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии давлатамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Бо дахли ин мавзуъ бояд гуфт, ки дар ҷаҳони ҳозира, дар тамаддуни имрӯзии дунёи бисёр мураккабу пуртазоду ноором, ки ҳеҷ давлате ба ғайр аз  неруву иқтидор ва ваҳдати мардуми худ кафолати дигар надорад, ин падида-ватандӯстӣ, ягонагӣ, дӯст доштани сарзамин, обу хок, пос доштани эҳтироми якдигар, пешгирии гумроҳӣ, иғвогарӣ барои миллати мо бисёр муҳиму арзишнок мебошад.

Яъне, Пешвои миллати мо, Ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд чунин сиёсатеро пеш гирифтаву амалӣ созанд, ки миллати моро ба ин нуқтаи олӣ, ба ягонагии халқу миллат  расонад.

Дар чунин вазъият мо бояд аз пештара ҳам бештар сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дучанд меҳнат намоем ва ба халқу давлат содиқу вафодор бошем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон