Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 18 медал ва 6 ҷои ифтихорӣ шуданд

Декабрь 10, 2023 13:22

ЛЕВАКАНТ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 18 медал ва 6 ҷои ифтихорӣ гардиданд.

Тавре мудири бахши маорифи шаҳри Леваканд Ниёзалӣ Ашӯрзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» чор нафар то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, фаъолона иштирок намуданд. Дар озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ду хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Леваканд ҷои сеюмро гирифтанд ва дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  хонандаи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Леваканд Шомита Давлатова сазовори ҷои ифтихорӣ гардид.

Дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши маорифи шаҳри Леваканд хуб ба назар мерасанд. Махсусан дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо дар шаҳри Леваканд таълимгоҳои наву замонавӣ қомат афрохтаанд, ки ба беҳтар гардидани таҳсилоти умумӣ, мутобиқ гардонидани талаботи низоми таҳсил ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидати фаъол менамоянд.

Ниёзалӣ Ашӯрзода иброз дошт, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Леваканд дар маҷмуъ чор муассисаи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуд. Давоми як соли охир дар шаҳри Леваканд як муассисаи таълимии замонавӣ ва бисту як синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода шуд, ки ин ба муҳайё намудани шароити ҷои нишасти хонандагон мусоидат менамояд.

Имрӯзҳо тамоми мардуми шаҳри Леваканд аз ҷумла, кумитаи падару модарони ҳар муассисаҳои таълимӣ, шахсони саховатпеша, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат рӯ ба ҷониби маориф оварда, барои дастгирии омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ кумак мерасонанд.

Ҳамин гуна таваҷҷуҳ ва инфрасохтори маорифи шаҳри Леваканд буд, ки имконияти бо ҷои нишаст фаро гирифтани хонандагон беҳтар гардид. Дар аксар муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳ, толорҳои варзишӣ, ошхона ва китобхона бунёд шудаанд.

Чунин шароити арзандаи таҳсил ба зиёд шудани дастовардҳои устодону шогирдон замина фароҳам овард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2023 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд