ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 06.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё -2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни дастаҳои футболи «Истиқлол» -и Тоҷикистон ва «Ал-Наср» -и Арабистони Саудӣ дар сатҳи балнд баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо бо иштироки 17 750 нафар мухлис хеле ҷолиб доир гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бозигари дастаи футболи «Истиқлол» -и Тоҷикистон Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм бо задани гол ҳисобро дар вохӯрӣ кушод. Абдулраҳмон Ғариб дар дақиқаи 50-ум аз ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср» -и Арабистони Саудӣ гол зада, ҳисобро баробар намуд. Пас аз ин бозӣ Алишер Ҷалилов аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол» -и Тоҷикистон беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон аз дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, имкони аз гурӯҳ ба даври баъдӣ баромаданро аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 14 имтиёз дар мақоми аввал буда, роҳхати даври плей-оффро соҳиб шудааст. Дастаи «Персеполис»-и Эрон бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм ва дастаи футболи «Истиқлол» -и Тоҷикистон бо се имтиёз дар зинаи охир ҷойгир аст.
Ҳамин тавр, дар ин гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Наср» -и Арабистони Саудӣ ба даври даври плей-офф роҳ ёфт. Мусобиқа барои дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон, «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом ёфт.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






