МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши ҳосили фаровони лимӯ мусоид аст

Декабрь 17, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон иқтидори ҳосилдиҳии лимӯ хеле зиёд аст. Иқлими мамлакат ба нашъу намои муътадил ва гирифтани ҳосили баланду хушсифат мусоид буда, барои ҳосили фаровон ба даст овардан, пеш аз ҳама, дарахти лимӯро аз хунукиҳои зимистон беосеб баровардан зарур аст. Агар ба агротехникаи парвариши он аҳамияти хуб диҳем, пас ба ҳисоби миёна метавон аз як дарахти лимӯ аз 30-40 то 80 кг мева ба даст орем. Чунин изҳор медорад узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Саидалӣ Гулов.

Бо фаро расидани фасли сармо деҳқонони тоҷик ба ҷамъоварии лимӯ шуруъ намуданд.

Ба гуфтаи Саидаӣ Гулов, ҳоло хоҷагиҳои пешрафтаи Тоҷикистон  аз 1 гектар то 30-40 тонна лимӯ ҷамъоварӣ менамоянд. «Ин вобаста ба агротехникаи парвариши дарахт мебошад. Аз як дарахт мо метавонем то 30-40 кг ба ҳисоби миёна ҳосил гирем, лекин то 80-100 кг низ ҳосил гирифтанамон мумкин аст. Иқтидори ҳосилдиҳии дарахт ба тарзи нигоҳубини он вобаста аст»,-мегӯяд олим.

Олимони соҳаи кишоварзӣ изҳор медоранд, ки имрӯзҳо дар мамлакат даромаднокии соҳаи боғдории субтропикӣ, аз ҷумла ситрусӣ нисбат ба дигар зироат даҳҳо маротиба зиёд аст, чунки талаботи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ барои лимӯе, ки аз нуқтаи назари экологӣ тоза буда,  сифати хуб дорад, афзудааст. Хусусан имрӯз навъи лимӯи тоҷикӣ, ки онро олимони тоҷик ба даст овардаанд, харидорони зиёде пайдо намудааст.

Саидалӣ Гулов муҳлати аз ҳама хуби пухта расидани лимӯро охири октябр ва моҳи ноябр меҳисобад.

Ба гуфтаи ӯ, лимӯ ҳоло дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ пухта расидааст, лекин сабзишу пухтарасии он то ба ҳол давом дорад. «Агар дар қисми ҷанубии Тоҷикистон аллакай лимӯ пухта расида бошад, вале дар қисмати шимолӣ ва марказии он ин раванд ҳоло давом дорад. Ҷамъоварии ҳосил дар шароити Тоҷикистон аз моҳи октябр оғоз ёфта, то моҳи январ-феврал ҷамъ овардани он мумкин аст. Агар мо гармхонаҳоро дар ҳарорати мусбати 6+8 дараҷа паст накунем, пас дар ин ҳолат мо метавонем лимӯро ба таври биологӣ дар худи дарахт нигоҳ дорем. Лекин муҳлати ҷамъоварии лимӯ дар дарахтон бояд аз январ, яъне то охирҳои ин моҳ дер нагузарад ва он бояд то охири моҳи январ ҷамъоварӣ шавад»,-афзуд коршинос.

Мутахассисони соҳаи лимӯпарварӣ чунин мешуморанд, ки лимӯ то охири моҳи январ бояд аз дарахтон ҷамъоварӣ шавад. Зеро пеш аз нашъунамои нав бояд дарахтон аз мева озод бошанд. Барои он ки тамоми неруи дарахтон, ки дар фасли зимистон ҷамъ мешавад, бояд барои ҳосили нав сарф шавад. Агар ҳосили лимӯ дер, яъне то моҳи март- апрел ҷамъоварӣ шавад, дар ин ҳолат он ба сифати ҳосил ва равандҳои зичии инкишофи дарахт таъсир мерасонад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 17, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад