Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳ оид ба муайян намудани обҳои партов ташкил шуд

Январь 31, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар заминаи кафедраи иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳ оид ба муайян намудани обҳои партов таъсис ва бо маводу таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд, иттилоъ дод ба хабарнигорон ректори донишгоҳ  Қудрат Давлатзода  30 январ зимни нишасти матбуотӣ.

Гуфта шуд, ки озмоишгоҳ дар раванди таълими донишҷӯён васеъ истифода шуда, дар он ба донишҷӯён ташхисҳои физикиву кимиёвӣ ва микробиологии об омӯзонида мешаванд.

Ҳамзамон соли 2023 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо корхонаву ширкатҳои ватанӣ ҳамкории судманд амалӣ намуда, барои кушодани филиали кафедраҳои донишгоҳ дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо дар дарсҳои озмоишӣ-амалӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонид.

Соли 2023 дар иншооти муҳими стратегӣ- Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҶСК «Азот», Неругоҳи барқи обии «Варзоб» ва дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ филиалҳои кафедраҳои донишгоҳ ифтитоҳ гардиданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои донишгоҳ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми муносиб мегузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид