Дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи тиббии бунёдӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Пажуҳишгоҳи тиббии бунёдӣ таъсис дода шуд, ки дорои 5 озмоишгоҳи таълимӣ бо лавозимот ва таҷҳизоти муосир мебошад, чунин иттилоъ дод ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Гуфта шуд, ки дар ин Пажуҳишгоҳ озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, кишти селулаҳои бунёдӣ, омӯзиши бофтаҳо, бактериологию иммунологӣ ва озмоишгоҳи бактериология ва патологияи эндотелия амал менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки таъсиси озмоишгоҳҳои ҷадид ҷиҳати боз ҳам пурмаҳсул гардидани фаъолияти донишгоҳ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос — «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.
Инчунин дар донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ- таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, докторантура, доктор (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос омода мешаванд.
Илова бар ин дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалин барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиббӣ амал менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






