ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Восеъ — Ховалинг зиёда аз 400 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд

Январь 21, 2024 12:02

ВОСЕЪ, 21.01.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Бо ташаббуси сокинон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ маъракаи ниҳолшинонӣ доир шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шафати шоҳроҳи Восеъ — Ховалинг зиёда аз 400 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд.

Бояд гуфт, ки шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастур доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ

Январь 21, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд