ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳ ва роҳҳои маҳаллии шаҳри Роғун беш аз 7000 бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида шуд
РОҒУН, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақша, солҳои 2023-2024 дар шаҳри Роғун бояд 7800 бех ниҳол шинонида шавад, ки аз ин 1400 бех дарахтони ҳамешасабз, 2000 бех ниҳоли мевадиҳанда ва 4400 бех сояафкан мебошанд. Дар ин хусус мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун Азиз Боев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар мавсими тирамоҳи соли 2023 дар теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Лахш ва атрофи роҳҳои маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр 7198 бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.
Баҳри ободонии ду канори шоҳроҳи Душанбе-Лахш дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Қади об, Қалъаи Нав ва то дуроҳаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1052 бех дарахтони гуногун шинонида шуданд. Дар мавсими баҳори имсол дар ин минтақа боз 2200 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонида мешавад. Дар атрофи роҳи нав мумфаршгардидаи даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки 11 километрро ташкил медиҳад, 470 бех дарахтони гуногун шинонда шуданд. Дар фасли баҳор дар ин мавзеъ боз 2000 бех дарахтҳои гуногун тариқи ҳашарҳои умумӣ шинонида мешаванд.
Аз ҳисоби Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун дар атрофи роҳи навбунёди Роғун-Оби Гарм-Нуробод 2674 бех ниҳоли ақоқиё ва олучаи кӯҳӣ шинонида шуд. Давоми соли 2024 дар атрофи ин роҳи байналмилалӣ боз 5500 бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд.
Хушбахтона, ҷиҳати иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бобати ҳифзи муҳити зист ва сабзазоркунии атроф сокинони шаҳри Роғун дар ҳашарҳои умумии ниҳолшинонӣ фаъолона ифтирок намуда, ду тарафи шоҳроҳи байналмилалӣ ва роҳҳои маҳаллиро бо шинондани дарахтони гуногун обод месозанд.
Аз сабаби он ки мавзеъҳои интихобгардида баландкӯҳ мебошанд, бо маслиҳату роҳнамоии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ навъҳои дарахтони ба минтақа мутобиқ интихоб ва шинонида мешаванд.
АКС: Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун








Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд






