Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Январь 21, 2024 19:39

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи Лусейли Қатар доктор Низам Муҳаммад мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсилот, таъсиси маркази таълимӣ-лабораторӣ ва таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таҳсилот баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар доир ба татбиқи масоили баррасишуда созишнома ба имзо расонанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 21, 2024 19:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд