Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон байни донишгоҳҳои тиббии Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар рейтинги беҳтарин донишгоҳҳо, ки аз ҷониби Агентии мустақили аккредатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, дар номинатсияи беҳтарин донишгоҳҳои тиббии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро ишғол намуда, соҳиби сертификат гардид. Ин маълумотро ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
«Ин ҷоиза аз ҷониби ташкилоти байналмилалии IREG оид ба рейтинги академӣ ва ташаккул тасдиқ шудааст. Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ HAAP ва IREG шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошанд», -иброз дошт ректори донишгоҳ.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 1793 муҳассили хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла дар сатҳи тодипломӣ 1772 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 11 нафар дар донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар Донишгоҳ таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта мешавад. Миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,9%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 108 адад (13,4%)-ро ташкил медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






