Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фишанги таъминкунандаи рушди устувори иқтисодиёти миллӣ аст

Январь 11, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун санади муҳим дар таъмини сулҳу субот, пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сармояи инсонии мамлакат ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бориз дорад. Воқеан, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Чунин изҳор доштааст мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдуалим Ҳомидов дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар»  расидааст.

 — Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ мешаванд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати берунӣ ва дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад.

«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва пешрафти ин соҳаи пешбари иқтисодиёт махсусан таъкид гардиданд. Иброз дошта шуд, ки солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар амал самараи дилхоҳ дод. Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, тавсеаи фондҳои асосӣ, тавлидоти маҳсулоти наву рақобатпазир аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 млрд сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 маротиба зиёд мебошад. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46 миллиард сомонӣ расонида шуда, сифати молҳои тавлидотӣ ва хизматрасониҳо беҳтар гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи мардуми мамлакатро ба рушди энергетика ва дурнамои тараққиёти он ҷалб намуданд. Дар Тоҷикистон соли 2023 иқтидори энергетикии мамлакат ба 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли нерқи барқ ба 22 миллиард киловатт-соат расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд мебошад. Дар солҳои минбаъда низ навсозӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ вусъати тоза пайдо менамояд. Соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба баҳрабардорӣ супорида мешавад. Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои лоиҳаи «CASA-1000», бунёди неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чорсем» ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳафт соли наздик содироти қувваи барқ ба 10 млрд киловтт-соат расонида мешавад.

Як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат рушди неруи «сабз» мебошад, ки аз рӯйи истифодаи он дар раддабандии байналмилалӣ Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад. Вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2030 истеҳсоли неруи эҳёшаванда аз ҳисоби манбаъҳои офтоб ва бод ба 1 мегаватт расонида шавад. Дар соли 2032 тамоми неруи барқи мамлакат аз манбаъҳои эҳёшаванда истеҳсол мешавад.

Ҳамзамон ҳангоми пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои тозагии муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ низ дар маркази диққат қарор дода шуд. Соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ ба ҳадди ақал расонида ва ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити зист тадбирҳои пешгирикунанда андешида мешаванд.

Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятро ба иҷрои вазифаи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани  ҷумҳурӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он равона менамояд.

Дар ин бобат тасмим гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик дар се самт долони транзитию иқтисодӣ фаъол гардонида шуда, интиқоли бору мусофиркашонӣ вусъат дода шавад. Инҳо долонҳои нақлиётии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон, Чин – Тоҷикистон, Узбекистон – Туркманистон – Эрон, Туркия — Аврупо ва Тоҷикистон – Чин – Покистон мебошанд, ки тадбирҳои андешида Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ пайваст менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ диққату эътибори калон медиҳад. Соли оянда андозаи нафақа 30 фоиз, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 40 фоиз зиёд мешавад. Ин тадбирҳои ҳавасмандсозанда ҳамаи кормандонро ба меҳнати созандаву босубот ва ташаббускориҳои нав ба нав роҳнамун месозанд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои рушди устувори иқтисодиёт, яъне: роҳҳои афзоиш ёфтани даромади буҷети давлатӣ,  таъмини истиқлолияти энергетикӣ,  пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини босуръати саноатикунонии давлат, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва туризм ҳаматарафа таҳлил шуда, вазифаҳои мушаххас оид ба рушди соҳаҳо  гузошта шудаанд.

Ҳамин тарик, дар ҳуҷҷати барномавӣ ва роҳнамунсозанда  — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи дурахшони мамлакат, беҳтаршавии некӯаҳволии аҳолӣ  ва шукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиклол пешбинӣ шуда, моро муваззаф менамояд, ки тамоми саъю талошамонро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватан ва рушди мамлакати соҳибихтиёрамон равона созем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст