Соли 2023 ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ 19 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуданд

Январь 26, 2024 09:15

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2023 ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ 19 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба соли 2022 32 фоиз зиёд мебошад, вале ҳаҷми он нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 15 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ҳоло ҳам кам мебошад». Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ 24 январ иброз намуданд.

Гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки қонеъкунанда нест.

«Ба ҳолати охири соли 2023 қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкии мамлакат 2,2 миллиард сомонӣ ё 12,5 фоизи сандуқи қарзиро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 608 миллион сомонӣ зиёд шудаанд. Аз ин лиҳоз Бонки миллӣ, бонкҳои давлатии «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоративу саҳомӣ ва дигар ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд намудани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат бо фоизи нисбатан паст, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва кам намудани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо мебошанд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо дар самти тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат, аз ҷумла рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҳои иловагиро амалӣ намоянд.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз 1 августи соли 2023 пардохти ҳама намуди андозу пардохтҳо ва хизматрасонии давлатӣ бояд ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шавад. Вале санҷишу таҳлилҳои гузаронида нишон медиҳанд, ки дар ҷараёни татбиқи ин фармон аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд.

Инчунин ҳамгироии мубодилаи маълумот оид ба хизматрасонии давлатӣ дар байни сохтору мақомот мукаммал ба роҳ монда нашуда, дар низоми бонкӣ дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ то ба ҳол ғайр аз «корти миллӣ» истифодаи дигар намуди кортҳо маҳдуд мебошад.

Умуман, соли 2023 ҳаҷми амалиёти ғайринақдӣ дар пардохти молу хизматрасонӣ дар мамлакат ҳамагӣ 20 фоизро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест.

Тавре дар Паёми Президенти мамлакат таъкид гардид, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо, инчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бояд давоми ду сол низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Бонки миллӣ якҷо бо вазоратҳои адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ доир ба фароҳамсозии инфрасохтори мукаммали хизматрасонии бонкӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Хадамоти алоқа барои муҳайё намудани интернети баландсуръат ва таъмин намудани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар самти рушди иқтисоди рақамӣ чораҳои муассирро амалӣ намояд.

Назорати иҷрои ин супоришу вазифаҳо ба зиммаи муовини якуми сарвазири мамлакат вогузор гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 26, 2024 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад
Парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия таъсис дода мешавад
Таҳкими ҳамкории «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин дар Сиан баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими иқтисодию молиявӣ дар доираи ИДМ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4037 то 9.4500 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии ИДМ доир шуд
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад
Таҳкими ҳамкории гумрукӣ дар ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 иштирок намуд
Ҳамкории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон ва Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалии Австрия густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1126 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
Барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд