Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Беҳтарин муҳаққиқ»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 шуд

Январь 6, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода байни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ – 2023» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар медиҳад.

Ин дастовардро омӯзгор бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шуд.

Ба ин муносибат дар доираи чорабиниҳои илмӣ – маърифатии донишгоҳӣ  аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Аълохон Бобозода медали «Беҳтарин муҳаққиқ — 2023», Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.

Озмун моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн  иштирок намуданд.

Аълохон Бобозода дар ин озмун Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд.

Ёдовар мешавем, ки ӯ инчунин узви «Лигаи зиёиён» International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табиии Русия ва дорандаи медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчи мебошад.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Январь 6, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд