Агентии «Тоҷикстандарт»: «Дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба мо муроҷиат намоед»

Февраль 5, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиати ҳамагӣ 122 нафар, соли 2022- 57 нафар, соли 2023 муроҷиати 85 истеъмолкунанда дар робита ба нуқс доштан ё пастсифат будани маҳсулоти харидаашон, ки онро фурӯшанда бозпас нагирифтааст, ворид гардид. Ин матлабро директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва  ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидани ашёи  пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя менамояд. Бо ин мақсад   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул шудааст.

«Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як  истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид менамояд ва ё ба поймол намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон  бартараф намудани нуқсони мол ё иваз  намудани он, ҷуброн намудани арзиши мол ва ё  мутобиқан паст намудани нархи он, барқарор намудани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи  истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, маълумоти пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд»,- афзуд ӯ.

Гуфта шуд, ки мувофиқи талаботи қонун, истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ нанамудааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз шавад. Ҳамчунин фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз намудани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар ҳолати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ дар муддати то 14 рӯз талаб намояд.

Таъкид шуд, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт»  муроҷиат  намоянд.   Дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон ва поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ба монанди фиреби  харидор, кам баркашидан, кам чен намудан,  моли бе сифату ғайристандартиро бо роҳи фиреб фурӯхтан ва ғайра агентӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид