РУШДИ САНОАТ. Соли 2023 дар Тоҷикистон ду корхонаи азими саноатӣ бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ ба фаъолият шуруъ кард

Февраль 15, 2024 08:34

ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 2 корхонаи азими саноатӣ бо муосиртарин технологияҳои ҷаҳонӣ — Корхонаи муштараки «Зарафшон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» ба фаъолият оғоз намуд. Хатҳои истеҳсолии Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар минтақа назир надошта, тибқи баҳогузории байналмилалӣ ба талаботи «иқтисоди сабз» мутобиқ мебошад. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 феврали соли равон доир гардид, хабар доданд.

Мақсад аз бунёди корхонаи «Зарафшон» — коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз бойгариҳои табиии Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки 5 июли соли 2023 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислароди адсорбтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов ва полоишгоҳи рақами 3 дар Корхонаи муштараки «Зарафшон» оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки то ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот мешуд.

Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз бойгариҳои табиии Тоҷикистон бунёд гардида, дар оянда миси катодии истеҳсолгардида чун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Корхонаи «Зарафшон», ки ба истеҳсоли миси стандарти катодӣ машғул аст, бо иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тилло дар як сол мебошад.

Бартарияти корхонаи мазкур аз нуқтаи талаботи «иқтисоди сабз» ин технология дар он мавҷудбуда арзёбӣ мегардад, ки ҳангоми коркарди консентрат дар ҳарорати то ба 220 дараҷа гармӣ тариқи автоклавӣ бо оксигени фишурда тафсонида мешавад. Ба ин васила моддаҳои ба муҳити зист зиёновар, аз ҷумла МИШ-1 ва сера ба таври табиӣ пурра безарар мегардад. Ин технология нахустин маротиба дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, таъсиси 500 ҷойи кори дигар пешбинӣ гардидааст

Соли сипаригардида дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ корхонаи маъдантозакунии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» бо иқтидори коркарди 900 ҳазор тонна маъдан дар як сол ифтитоҳ гардид.

Истихроҷи маъдан дар ин корхона аз ду кон — «Қумарғи боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» таъмин гардида, раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ анҷом дода мешавад. Кони «Кумарғи боло» қариб 4 ҳазор метр ва «Дуобаи Шарқӣ» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.
Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд карда шудааст. Истихроҷи ашёи хом дар кони «Кумарғи Боло» бо тарзи рӯизаминӣ ва дар «Дуобаи Шарқӣ» зеризаминӣ мебошад.

Дар кони «Дуобаи Шарқӣ», ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.

Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад