Бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон вобаста ба интихоби дурусти касб вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хонандагон (хатмкунандагони соли хониши 2023-2024)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Дар мулоқот раиси шаҳр гуфт, ки дар зиндагӣ барои инсон интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Интихоби касби мувофиқ имконият медиҳад, ки ҳар шахс соҳиби ҷойи кор шавад ва аз уҳдаи иҷрои он сарбаландона барояд. Бояд ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитоб роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб намоянд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзанда пайдо намояд».
Ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд доир ба шароити таълим ва имконияти донишгоҳҳо ба хатмкунандагон маълумот манзур намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр имконияти фарохи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоятро дарк намуда, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ бо интихоби дурусти касб ба дилхоҳ донишгоҳ дохил гардида, соҳиби маълумоти олӣ мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Гулистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






