Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯ аз 10 давлати ҷаҳон таҳсил доранд

Февраль 1, 2024 16:26

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯи хориҷӣ аз 10 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Машраб Файзулло имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Дар шуъбаи рӯзона 161 донишҷӯи хориҷӣ ва дар ғоибона 160  донишҷӯи хориҷӣ таҳсил доранд. Дар соли таҳсили 2023-2024 қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсил 127 нафарро аз 7 давлати ҷаҳон ташкил дод, ки инҳо  80 бакалавр, 32 нафар устод   ва 15 донишҷӯ мебошанд»,- изҳор дошт ӯ.

Гуфта шуд, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсил дар соли таҳсили 2022-2023 аз 7 давлати ҷаҳон 86 нафарро ташкил дод, ки ба ин шумора 48 нафар бакалаврҳо, 23 нафар магистратрантон​​, 2 нафар аспирантон ва 13 нафар шунавандагон дохил мешаванд.

Солҳои 2022 ва 2023 ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бештар шаҳрвандони Русия ва Узбекистон қабул шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд